Идомаи амалиёти «Кӯкнор-2016» дар Конибодом
Душанбе, 04.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2016» дар шаҳри Конибодом ҳайати гурӯҳи корӣ таҳти сарварии муовини аввали раиси шаҳр Бахтиёр Ахмедов дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот рейдҳои санҷишӣ доир намуданд. Гурӯҳи корӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Пӯлодон ва Патар дар атрофи якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ растаниҳои худрӯйи нашъаоварро дарёфт карданд. Маълум гардид, ки чунин растаниҳо бо вуҷуди он, ки аз ҷониби соҳибони заминҳо дарёфт ва решакан карда шудаанд, боз дар баъзе мавзеъҳо сабзида, дар ҳолати нашъунамо қарор дорад.
Дар рафти рейд аз тарафи ҳайати гурӯҳи корӣ миқдори дарёфтгардидаи чунин растаниҳои нашъаовар дар ҷояш сӯзонида, нобуд карда шуданд.
Амалиёти «Кӯкнор — 2016» дар шаҳри Конибодом идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






