Ифтитоҳи ҳуҷраи корӣ барои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон

Июль 2, 2016 11:33

Душанбе, 02.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 1 июл дар шаҳри Қурғонтеппа маросими кушодашавии ҳуҷраи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Алӣ Бобоназарзода зикр кард, ки имрӯзҳо бо дастуру супориш ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми ислоҳоти милитсия идома ёфта истодааст. Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо аҳолӣ бо мақсади тақвият бахшидани боварии мардум ба милитсия аз ҳадафҳои афзалиятноки ин барнома ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар қаламрави кишвар  аллакай шӯроҳои ҷамъиятӣ созмон дода шуда, ҳуҷраҳои кории онҳо бунёд ва бо техникаи замонавӣ таҷҳизонида шудаанд.
Сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Баҳром Шарифзода иброз дошт, ки дар замони муосир мебояд милитсияи тоҷик бо аҳолӣ ҳамкориҳояшро густариш дода, сазовори боварии мардум гардад. Таъсис додани чунин шӯроҳои ҷамъиятӣ аз манфиат холӣ набуда, барои тинҷиву оромӣ ва амнияти шаҳрвандон равона шудаанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин  сардори намояндагии Дафтари САҲА дар вилояти Хатлон  Ене Иван Андреевич ва иҷрокунандаи вазифаи сардори Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Вячеслав Абрамед сухан гуфтанд.

Июль 2, 2016 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад