Ҷилавгирӣ аз қочоқи маснуоти заргарӣ дар «Гулистон»

Июль 12, 2016 09:38

Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик дар шимоли кишвар аз қочоқи маснуоти заргарӣ ҷилавгирӣ намуданд.
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»,  воқеъ дар шаҳри Исфара воситаи нақлиёти тамғаи «Ауди 100», ки аз ҷониби шаҳрванди 67-сола   Т.М., сокини шаҳри Исфара идора мегардид, боздошт шуд.
Зимни муоинаи шахсӣ аз либоси дар тан доштаи мусофирони мошини мазкур шаҳрвандон  Б.М., соли таваллудаш 1956 ва А.И., соли таваллудаш 1961, ки сокинони шаҳри Истаравшананд, се халтача пайдо гардид, ки дар дохили онҳо маснуоти заргарии тамғаношуда ба  миқдори умумии 488 дона бо вазни беш аз 700 грамм мавҷуд буд, дарёфт ва гирифта шуд.
Тибқи хулосаи нозироти давлатии иёргарии назди Вазорати молияи кишвар, маснуоти заргарии аз шаҳрвандон гирифташуда, намуди тиллои иёри 375 буда, вазни умумии он 747,13  граммро ташкил дод.
Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба ин шаҳрвандон бо моддаи 2591 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи шаҳри Исфара фиристода шудааст.

Июль 12, 2016 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад