Имрӯз дар шаҳри Душанбе то 43 дараҷа гармӣ дар назар аст
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 19 то 21 дараҷа ва рӯзона аз 41 то 43 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешбинӣ гардидааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 15 то 20 дараҷа ва рӯзона аз 32 то 37 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона аз 20 то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 21 то 26 дараҷа ва рӯзона аз 41 то 46 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯйи гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 21 то 26 дараҷа ва рӯзона аз 38 то 43 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 17 то 22 дараҷа ва рӯзона аз 38 то 43 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






