«Иттиҳодияи Автовокзалҳо» фаъол мешавад

Июль 7, 2016 10:46

Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субъекти хоҷагидорӣ  ҶС «Иттиҳодияи Автовокзалҳо» бо сар шудани моҳи июл фаъолияти худро хеле ҷонннок намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд хабар доданд,   фаъолияти он асосан сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа, асосан ба Федератсияи Русия мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 1 то 5 июл аз ҷониби субъекти хоҷагидори мазкур 4 гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳрҳои Красноярск ва Екатеринбург сафарбар гардиданд.
Дар маҷмӯъ наздик ба 100 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, ки тибқи нақша муҳлати он 1 сол мебошад. Дар маросими гусел намояндагони Раёсат бо онҳо вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд ва маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас намуданд, зикр кард манбаъ.

Июль 7, 2016 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст