«Иттиҳодияи Автовокзалҳо» фаъол мешавад
Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субъекти хоҷагидорӣ ҶС «Иттиҳодияи Автовокзалҳо» бо сар шудани моҳи июл фаъолияти худро хеле ҷонннок намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд хабар доданд, фаъолияти он асосан сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа, асосан ба Федератсияи Русия мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 1 то 5 июл аз ҷониби субъекти хоҷагидори мазкур 4 гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳрҳои Красноярск ва Екатеринбург сафарбар гардиданд.
Дар маҷмӯъ наздик ба 100 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, ки тибқи нақша муҳлати он 1 сол мебошад. Дар маросими гусел намояндагони Раёсат бо онҳо вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд ва маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас намуданд, зикр кард манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






