Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ ба водии Рашт мераванд
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 то 30 юми августи соли ҷорӣ гурӯҳҳои ҳунарии Муассисаи давлатии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертии назди Вазорати фарҳанг, ки дар ҳайати он ҳунармандони оркестри эстрадии «Гулшан», ансамбли рақсии «Ҷахоноро», ансамбли «Садои шарқ» фаъолият мебаранд, ба ноҳияи Рашт сафар хоҳанд кард.
Боиси зикр аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар тӯли 25 сол ин сафари аввалини гурӯҳҳои эҷодию консертии номбурда ба ҷамоату деҳоти дуртарини ноҳия, аз қабили Ҳоит, Ясман, Боқӣ Раҳимзода, Тагоба, шаҳраки Навобод, Қалъаи сурх, Ҷафр ва Ҳиҷборак мебошад. Тӯли панҷ рӯз барномаи рангини консертӣ бо иштироки адибону шоирон, намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши сокинони водии Рашт мегардад.
Ҳунармандони шинохта Исматулло Холов, Фаридаи Бахтиёр, Парвина Ҳақназарова, Эркин Одинаев, Зафар Абдуалимов ва ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» таҳти роҳбарии ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Дилором Сатторова табъи тамошобинонро болида хоҳанд кард.
Барномаҳои мазкур барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии мардум баргузор хоҳанд гардид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






