Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: “Дар фарози боми дунё, дар фарози марзи армон…”

Июль 20, 2016 14:13

Асри 21-асри Бадахшон, асри пешрафти ин сарзамини зебо ва пурасрор  мебошад. Бадахшон  дарвозаи  тилоии Тоҷикистон мешавад.

Эмомалӣ   Раҳмон

Душанбе, 20.07.2016 /АМИТ “Ховар”/. Бадахшон вожаест, ки чун бар забон меоред, дил равшан, табъ болида, хотираҳо дурахшон  мегарданд. Ин вожа гӯё дар худ офтобе дорад, ки аз он ин гармиву рӯшноӣ метаровад. Ин вожа шояд шукӯҳи  кӯҳсорону таровати обшоронро дар худ гирифтааст, ки баробари ба забон овардан ва ҳатто ба ёд овардан, вуҷуди моро лабрези фурӯғу фараҳ мегардонад. Ин вожа саодате дорад, мисли худи Бадахшон, мисли худи ин диёри нозанину дилрабо, расму таомул ва ойину суннатҳои неку хайрхоҳонаи ин сарзамин, мисли мусиқие, ки ба андешаи мардуми ин диёр бо он ҷон ба бадани ҳазрати Одам даромадааст. Ва ҳамин рӯшноӣ, ҳамин гармиву самимиятро мо дар симои мардуми ин диёр ҳам дармеёбему эҳсос мекунем.

Банда  ба Бадахшон муҳаббати хосса дорам. Бори аввал, моҳи апрели соли 1987 ба Бадахшон рафтам, гумон кардам ба кишвари афсонаҳо омадам, ё балки худ воқеан  вориди  афсонае гардидам, ки Бадахшон ном дорад. Вориди хонаи бадахшонӣ шудам, ки дар дунё шабеҳаш нест ва ҳама намунаи хираду маърифату фарҳанги баланд аст. Вориди навои бадахшонӣ “Даргилик”-у “Лалайик” гаштам, ки то имрӯз дар тор-тори шараёни ман оҳангашон  садо медиҳад. Вориди  базми  нишотангези бадахшонӣ гардидам, ки дар он савту наво вуҷуди инсонро беихтиёр ба рақс медарорад, базме, ки дар он ҳама як мешаванд;  ҳама танҳо як тан, ҳама ҷонҳо як ҷон ва ин шояд сеҳри ҳунару мусиқист ва ё шояд дар ин баландо рӯ ба рӯ бо Ҳақ инсон самимитару воқеитар аст.  Метавонам аз муҳаббати худ ба Бадахшон соатҳо сухан кунам ва  боз ҳам суханонам нотамом хоҳад монд.

Соли 1987, вақте ки банда бори аввал суруди “Даргилик”-ро дар яке аз деҳаҳои Бадахшон аз забони зан-модари  бадахшӣ, ки дар даст дойра онро барои мо, меҳмонон, месуруд, шунидам, ман гӯиё навову суруди дарду нидои инсонро бар осмонҳо шунидам. Ба гумони ман ин сурудҳо симфонияи ҳастии инсону кайҳонанд. Ин қадар дарду армон, розу ниёзи вуҷуди инсон дар ин сурудҳо ва оҳанги он таҷассум ёфтааст. Ин сурудҳоро, вақте ки дар Бадахшон мешунавед, инсонро рӯ ба рӯ бо танҳоии худ, рӯ ба рӯ бо осмону ситораҳо, рӯ ба рӯ бо Худо  дармеёбед. Бо вуҷуди он,ки матни ин сурудҳо ба забони барои ман ноошно ифода ёфта буд, ман онҳоро мефаҳмидам,дар рагу пай, дар пӯсту хунам  маънои онро эҳсос мекардам. Даргилик суруди дардҳои инсон аст. Лалайик сурудест, ки дар сари гаҳвораи тифлон месароянд, суруде дар сари  ҳасратҳову армонҳои инсонӣ, суруди аллаи модарон.

Бадахшон — ин сарзамини қадимаи ориёӣ, ин кишвари нахустаҷдоди тоҷикон ва нахустаҷдоди одамин, дар ривоятҳо ва пешниҳодҳои илмӣ қадимтарин макони зуҳури инсон дар Замин будааст. Бадахшон сарзаминест,ки дар он инсон бо суруд ба дунё меояд ва бо суруд аз дунё меравад. Дар Бадахшон, вақте одам ба дунё меояд  суруди Лалайик месароянд ва то бузург шудани тифл дар сари гаҳвораи ӯ Лалайики модар садо медиҳад. Ҳамчунин дар Бадахшон вақте инсон мефавтад, бар сари тобути ӯ то субҳ суруд мехонанд, суруди Даргилик ва бо ин суруд тобутро аз хона мебароранд ва ба роҳи охират гусел мекунанд. Гӯиё дар ин диёр ҳастии инсон аз омадан то рафтан дар ҳолаи савту суруд аст. Даргилик ва Лалайик пеш аз ҳама  шеър аст, сухан аст, ки дар ориёнзамин ҳамеша арҷи баланд доштааст. Воқеан он суханони китоби Худо тасдиқи худро дар ин падида меёбад, ки “ Дар оғоз калом буд ва калом Худо буд”. Ва далели қадамгоҳи нахустини Одам будани ин сарзамин боз дар он зоҳир мешавад, ки вожаи  одам – номи ҳазрати Одам, яъне Адам тоҷикист ва дар ҳеҷ як забони дигари дунё ба маънии инсон наомадааст.

Ман аз ҳар дидор, аз ҳар мушоҳида дар сафари аввалинам ба Бадахшон  ба ваҷд меомадаму мафтун мешудам. Эҳсосоти ман, бардоштҳои ман дар шеърҳоям фурӯ мерехтанд.

Аввалин чизе, ки маро мафтуну волаву ҳайрон кард, дидор аз хонаи бадахшонӣ буд. Ин хона саросар таҷассуми хирад ва ҳунар аст. Зеро дар он  ҳар чизе, ки ба чашми бинанда мехурад, маънову мақсаду таъйиноте дорад. Чизе беҳадаф, бе мақсад, бе маврид ва бемаънӣ нест. Ҳар сутун, ҳар гӯша, даромаду баромад, ҳар ҷойи нишаст, ҳатто мӯрии ин хона чандин вазифаву маъниро пайгирӣ мекунанд. Дари даромад ва баромад яктост, ки ҳам рамзи  ягонагист ва ҳам бовару  назари неку покиза ба якдигар. Хонаи  бодахшонӣ ҳамеша ҳавои тоза дорад, зеро ҳаво аз дар медарояду аз мӯрӣ мебарояд, яъне ҳамеша тоза (сиркулятсия) мешавад. Панҷ  сутуни хонадон ҳам беҳуда нестанд, онҳо ҳар яке ном доранд ва боми хонадонро ин сутунҳо, ки метавон онҳоро сутунҳои бовар номид, нигаҳ медоранд.  То замони ислом ин панҷ сутун рамзи панҷ фариштаи авастоӣ будаанд. Баъд аз қабули ислом ин сутунҳо номҳои Муҳаммад(С), Алӣ, Фотима ва Ҳасану Ҳусейнро гирифтанд. Дар Бадахшон, вақте ба хонаи холӣ медароянд, салом бояд гӯянд ва ин салом ба рӯҳи гузаштагон аст, ки  дар ҳар хона ҳузур дорад:

Дар Бадахшон ба хонаи холӣ

Чун дароӣ, салом бояд кард.

Хона чун рӯҳи рафтагон дорад,

Хонаро эҳтиром бояд кард…

Дар воқеъ хонаи бадахшонӣ ранги китобест, ки аз он метавон маърифат бардошт, зеро  ҳарчи ба дида метобад, рамзе дорад, маъное дорад. Аз ин рӯ дар хонаи бадахшонӣ:

Ҳар қадамро ба ҷой бояд монд.

Дар хонаи бадахшонӣ меҳмон ҳамеша азиз аст, зеро ба андешаи ин мардум  ӯ саодат меорад. Ин хона чунин сохта шудааст, ки дар он ҳама чиз ошкору ба дида аён аст ва кӣ  дар куҷо бояд нишинад, муайян шудааст. Аз ҷумла ҷойи меҳмонон, ҷойи ҳамсоягон, ҷойҳои занон, ҷавонон, навхонадорон, ҷойи модару тифлу гаҳвора дар гирдогирди хона, ки ҳар чор самташ ҷойи нишаст дорад, муайян аст. Ва ҳатман дар хонаи бадахшонӣ ҷойи нишасти хунёгарону сарояндагон ҷудост, зеро дар ҳар нишасту меҳмондориву базм бояд онҳо ҳузур дошта бошанду базму сӯҳбатро гарм кунанд. Дар хонаи бадахшонӣ:

Ҳарки бояд ба ҷойи худ шинад,

Қадри худ, қадри дигарон донад.

Ҳарки бояд ба ҷойи худ шинад,

Лек бе ҷо касе намемонад.

Хонаи бадахшонӣ чунон сохта шудааст, ки дар он ягон гӯшаи зи дида пинҳон нест, ҳама дар пеши назар аст. Аммо, вақте хоб меравед, рӯ ба девору сар ба сӯи мобайн мехобед, яъне  шумо шахси дар пушти шумо хобидаро намебинед ва ин ҳам одобест, ки меҳмони хонаро аз хиҷолат халос мекунад:

Дар Бадахшон ба хонае чу равӣ,

Ҳеҷ чизи зи дида пинҳон нест.

Ҳарчи дорад ба рӯи хон орад,

Зиндагонӣ агарчи осон нест.

Дар Бадахшон пеш аз хоб шаҳсутуни хонаро бо камарбанд сахт мебанданд, то шаҳсутун чун рамзи посбони далер ҳамеша омода бошад ва  хуфтагонро аз балоҳои ногаҳонӣ нигаҳ дорад ва агар ба ногаҳ шаб замин ҷунбад, шаҳсутунро ба оғӯш мегиранд, шаҳсутуне,ки номи пайғамбарро дорад. Дар Бадахшон ҳар сутун рамзи худро дорад:

Ҳар сутун рамз, рамзи подорист,

Ҳар сутун бовар аст дар дунё,

Гар набошад сутуни бовари халқ,

Боми олам фурӯ равад бар мо.

Дар Бадахшон қадимтарин, зеботарин, шоиронатарину поктарин суннату ойинҳои миллии мо, ки метавон ҳамаи онҳоро беҳтарин ойинҳои башарӣ донист, бо ҳама покиву зулолӣ маҳфузанд. Метавон дар бораи ҳар яке аз ин ойинҳо китоб-китоб сухан гуфт. Тӯйи арӯсии бадахшониро наметавон бо сухан тасвир кард, бояд онро дид. Ин маросимест, ки дар он ҳама чиз, аз интихоби арӯс, хостгории ӯ то ба омодасозии арӯсу  либоспӯшиву ороиши ӯ  зуҳури ҳунари баланди зебову нотакрори халқист, ки ҳар унсур, ҳар зуҳурот, ҳар лаҳзааш бинандаро мафтун мекунад. Ҳар маросими арӯсӣ, ҷараёни иҷрову бунёди он  як санъати бузурги халқист, ки ҳама эҷодкоронаву зебову шоиронаву хотирнишин сурат мегиранд. Аз ҷашни нотакрори Наврӯзи аҷам то ҳама ҷашнҳои зиёди дигари мавсимӣ, садҳо суннату анъана, расму ойин дар Бадахшон амал мекунанд, ки ҳама метавонанд мазӯи шавқовари пажӯҳишу омӯзиш бошанд, зеро ҳама ҳадафи неку зебоипарастӣ доранд.

Бадахшон кишвари савту наво, кишвари саъаткорон аст, кишваре,ки дар он ҳар нафар, чи хурду чи бузург, ҳунарманду саъаткоранд. Кишвари рубобу дутор, кишвари сетору чангу ғижжаку най, кишвари дафу дойра. Кишвари навозандагони мумтозу саряндагони наътҳову сурудҳои халқиву классикӣ. Дар Бадахшон сурудҳо аз замонҳои пешин ҳам ба забони маҳаллӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ-форсӣ, хусусан шеърҳои классикон, садо медоданд. Бадахшон кишвари зеботарин рақсҳои мардонаву занона аст. Дар рақси бадахшонӣ дард мерақсаду печутоб мехурад. Дар рақси бадахшонӣ  инсон даст сӯи осмону Худо мебарад. Ин рақс ниёиш аст. Ин рақси ормонҳо, орзуҳост, базан ин мунозира ба Худованд аст. Барои гузаштагони мо ниёиш ва намоз будани рақсро ҳикояте аз ҳаёти Мавлоно низ тасдиқ мекунад, ки онро дар ҷойе оварда будем. Вақте ки Мавлоно бо шогирдон саргарми самоъ (рақси сӯфиёна) буд, шогирде ба ӯ наздак омаду хабар дод, ки вақти намоз шудааст. Мавлоно самоъро қатъ накард ва ба ӯ ҷавоб дод: оё ман ҳоло бо чӣ кор машғулам? Яъне ҳамин худ намоз аст.

Ба Бадахшон ман бо дӯсти ҳамқаламам, нависандаи соҳибзавқ Абдулҳамид Самад бо даъвати  Ширин Бунёд, ин инсони нексиришт, ин бародар ва дӯсти деринамон рафта будем. Моҳи апрел буд. Табиати Бадахшон, мардуми некӯманиши он бо молу ҳол ҳарчи доранд, нав аз тасарруфи замистони қаҳратуни кӯҳистон баромада буданд. Чун мо дӯстони Ширин Бунёд будем ва Ширин дар байни мардуми ин диёр иззату зҳтироми баланд дошт, ба ҳар ҷойе, ки мерафтем, меҳмонони фахрӣ будем. Азбаски чорвои Бадахшон, бузу гӯсфандон нав аз замистон баромада буданд, дар ин диёри камалафу камғизо хело лоғару хароб шуда, ҳоли зоре доштанд. Ба мо нақл карданд, ки дар поёни зимистон, вақте ғизои чорво поён меёбад, мардум аз мағозаҳо қуттиҳои тиҳишудаи қоғазиро ба даст оварда, онҳоро барои чорво хӯрданбоб намуда, ба молҳо медиҳанд, то онҳо зинда монанд. Ана дар чунин айём, вақте ки захираҳо тамом шудаанду алафҳо ҳанӯз нарӯидаанд, мо меҳмони бадахшониён шудем ва ба ҳар ҷо, ки мерафтем, пеши пойи мо аз рӯи таомул буз ё гӯсфандеро хун мекарданд, ки аз як табақ зиёд гӯшт надошт. Мо зорӣ мекардем, ки ин корро накунанд, монанд, ки онҳо ҷон гиранд, аммо  мизбонон ба поси меҳмонон ҳатман мол мекуштанд ва таомулро нигоҳ медоштанд. Аслан дар Бадахшон чун дар бисёре аз навоҳии кӯҳистони мо ҳарчи доранд, ба рӯи хон мебароранд ва ҳозиранд барои меҳмон ҷон бубахшанд.

Дар Бадахшон роҳҳо танганд, аммо дилҳо кушод, сангҳо сахтанд, аммо одамҳо нарм, бодҳо сарданд, аммо симоҳо гарм…Хонаҳо дар Бадахшон чунон, ки гуфтам, нусхаҳои дили ин мардуманд ва дар ин диёр аз хона ба хона чун аз дил ба дил  мераванд:

Хона- дил, дил- хона, балки роҳҳо

Мебаранд аз дил ба дил, аз дил ба дил,

Чашмаҳои пок чун ойинаанд,

Аз садоқат дорад ин хок обу гил.

 

Пирамардон дар канори хонаҳо

Истода чун сутуни хонаҳо,

Кишвари сетору чангу дойра,

Кишвари ширинтар  аз афсонаҳо.

 

Эй Бадахшон, сарзамини бениқоб!

Шоҳи ту некӣ, сипоҳи ту шараф.

Чун ҷавонмарде туро бишнохтам,

Чун ҷавонмарде,ки дил дорад ба каф.

 

Аз матои дил ба тан пироҳанат,

Эй Бадахшон, тору пудат аз дил аст.

Хона чун дил, деҳаат монанди дил,

Сар ба по монанди дил ин манзил аст.

Мардуми ба нангу номуси кӯҳистони Бадахшон таърихан ба сабаби дурӣ аз ободиву марказҳо рӯзгори сахтеро аз сар гузаронидаанд. Соли 1987, вақте мо аз ин тарафи рӯди Панҷ ба он сӯ, ба тарафи Афғонистони ҳамсоя менигаристем ва оврингҳои Бадахшонро медидем, дар ҳайрат мемондем , ки чӣ гуна дар оғӯши шахҳои касногузар ин оврингҳоро сохтаанд ва чӣ гуна  метавон  аз он  чун аз сари ҷон, чун аз болои як тори мӯ дар фарози ҷаҳаннам, убур кард. Ва қонунҳои сахти мардонае дорад роҳи овринг. Агар ду нафар дар овринг рӯ ба рӯ оянд, хусусан, агар ҳарду бо маркаб ё ҷонваре бошанд, як нафар бояд аз баҳри  маркабу молу бори худ бубарояд ва онро аз он баландӣ сарозер кунад, зеро дар ин оврингҳо танҳо як нафар мегунҷад ва ҷойи бозгашт нест ва қонуни мардонаи кӯҳистон аст:  шахсе, ки бораш камтар аст, бояд мардона гузашт кунад, аз  баҳри молу маркабаш барояд. Охир ин оврингҳо дар оғӯши шахҳо аз навдаву чӯбпораҳову қамишҳо ба тариқи бастан ба ҳамдигар  ва овезон дар ҳаво сохта шуда,  борҳо аз ҳам гусаста, раҳгузоронро ба коми фано бурдаанд . Имрӯз ин оврингҳо дар он сӯ ҳам кам мондаанд. Дар он ҷониб роҳҳо,хонаҳо ва одамон низ ҳоли зор доштанд. Аммо ба шарофати Ҳукумати Шӯравӣ ҷониби Тоҷикистон соҳиби  роҳҳои ҳамвору асфалтпӯши мошингард, хонаҳои барҳаво ва чароғон гашта буд.  Ҳоло ба шарофати Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон аз ин соҳили рӯд шоҳроҳи байналмиллалӣ мегузараду симои  нозанину замонавии Бадахшони Тоҷикистонро шинохта намешавад. Он вақт дар тасвири овринги Бадахшон чунин сатрҳо навишта будам:

Дар Бадахшон мард рӯйи овринг

Ҳамчуноне ашк дар мижгон,

Ҳамчуноне дард дар ҷон,

Ҳамчуноне ҷони ларзон аст…

Дар Бадахшон овринг

Мисраи дарди пур аз сӯзи ниёкон аст,

Бар сари ҳар овринге

Осмон аз дард гирён аст…

Воқеан дар Бадахшон овринг шабеҳи дасти ларзони ниёз аст, дасти ларзоне,ки мадад меҷӯяд, дасти як садсола пири бесадо. Дар Бадахшон овринг сарҳади маргу наҷот аст.

Дар Бадахшон овринг

Роҳи инсон аст, агарчи роҳи инсон нест,

Ин раҳи мурғони парвозист,

Ё раҳи бодест…

 

Зиндагӣ бошад агар шоир,

Аз ҳама шеъри бадарди ӯст ин,

Аз ҳама шеъри ҳазин,

Дар Бадахшон овринг…

 

Дар Бадахшон овринг

Ошиқона мисрае аз номи ғам бар номи шодист,

Ё ки баръакс..,

Дар Бадахшон овринг…

Ҳар касе онро надида,

Ӯ намедонад, ки дунё чист…

Ҳоло, вақте ин мақоларо  менависам, ки нав аз сафари Бадахшон , аз ҷашни навбатии Ваҳдати миллӣ дар ин сарзамин баргаштааму таасуротам  аз ин сафар чун аз тамоми сафарҳои пешини ман аз Бадахшон, аз истиқболи беҳад симимонаву меҳмоннавозонаи мардуми инсондусту хайрхоҳу бародарпарвари  ин диёр ҳанӯз  хеле гарм аст. Панҷ рӯзи зиндагӣ дар хонаводаи  Мастоншоҳ, ин додари азиз ва инсони ҷавонмард, ки бо модари ҳаштодсола, бо ҳамсари меҳрубону меҳмоннавоз, бо фарзандони дӯстрӯяки  худ, бо хеш ва ҳамсояи дар ба дараш Муслимшоҳу ҳамсари меҳмоннавози ӯ ҳама кӯшишро карданд,ки мо чаҳор нафар меҳмон чун дар хонаи худ, чун узви як оила бо оилаи онҳо зиндагӣ кунем. Ва банда, устод Меҳмон Бахтӣ, академик Носирҷон Салимзода ва дӯсти нисбатан ҷавони мо Баҳромҷон- устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, ки ронандаи мо дар роҳҳои пурпечутоби  ин сафар буд, воқеан ягон бегонагиро дар ин диёри маҳбуб эҳсос накардем. Раҳбалади мо, он нафаре,ки моро ба хонаи додари худ Мастоншоҳ, ба ҷамоати Поршневи Ноҳияи Шуғнон оварда ҷо кард, раиси ҷамоати Поршнев, низ инсоне, ки метавон гуфт ҷони инсон аст, акаи Шерғозӣ буд, ки бо ҳама серкориву гирифторӣ ҳамеша аз ҳоли мо огоҳ буд.

Воқеан ба меҳмоннавозиву истиқболи самимонаи мардуми Бадахшон наметавон тан надоду қоил нашуд . Ман дар бораи чаҳор нафари гурӯҳи худамон сухан кардам, ҳол он ки  дар ин рӯзҳо, рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ, тасаввур кунед, ки мардум дар Бадахшон  шашсад мошин ва беш аз се ҳазор нафар, танҳо меҳмонони аз берун, аз тамоми гӯшаҳои кишвар омадаро қабул карданд, ба ғайр аз  садҳо бадахшониёне,ки берун аз рӯйхат бо ташаббусу хоҳиши худ омада буданд. Лар байни онҳо меҳмонон аз хориҷа ва ҳайатҳои дипломатӣ ҳам буданд. Ва ҳамаи ин меҳмонон дар сатҳи баланд пазироӣ гардида, бо муҳаббату меҳрубонии мардуми Бадахшон фаро гирифта шуданд. Ва тамоми ин меҳмонон мисли мо қаноатманд буданду бо бардоштҳои нек, бо сипосу муҳаббат нисбат  ба мизбонон баргаштанд. Ин сафар, ин рӯзҳо нишон доданд, ки мардуми тоҷик, новобаста ба ҳама чиз, расму ойин, анъанаҳои миллии худро пос доштаву шарафи баланди меҳмоннавозии худро дар сатҳи баланд нигоҳ медоранд.

Дар баландиҳои ҳам воқеиву ҳам маънавии Бадахшон мо худро сарфароз эҳсос мекардем ва банда дар ин рӯзҳо чунин замзама доштам:

Мо дар замини лутфи Худоем,

Дар Боми дунё сар бар самоем,

Ҳамошёни Симурғ моем,

Тоҷи саодат бар сар бимонем,

Мо тоҷиконем! Мо тоҷиконем!

Мо дар фарози Боми Ҷаҳонем!

Банда бори дуюм аст, ки дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон ширкат доштам. Соли 2010 дар ҷашни сездаҳуми Ваҳдати миллӣ  дар Бадахшон низ бо иштироки намояндагони тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар чунин сатҳи олии меҳмоннавозиву пазироӣ гузашта буд, ки ҳамеша дар ёдҳо мемонад.

Сафари мо дар Бадахшон ин дафъа низ бо иштироки Пешвои миллат, Бунёдгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Ва яке аз лаҳзаҳои ҳассосу хотирмон дар ин сафар мулоқоти Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки навбунёди Шуғнон бо мардуми Бадахшон буд.

Соли 2010  дар Рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон мо шоҳиди гузоштани нишони аввали бунёди ин шаҳрак дар як мавзеи бекорхобида будем. Имрӯз мо он мавзеъро нашинохтем. Менигаристему боварамон намеомад, ки дар ин муддати сипаришуда, дар ин гӯшаи холиву нообод  як шаҳраки замонавии хеле зебо бо биноҳои зиёди маъмурии дилрабову замонавӣ, хиёбонҳои сабзу хурраму мафтункунанда бунёд ёфтааст. Воқеан ин ғамхории беназири Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат нисбат ба Бадахшон аст, ки на танҳо дар ин шаҳрак, балки дар тамоми гӯшаҳои Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон зоҳир шудааст.

Дар қатори бунёдкориҳои зиёд дар Бадахшон, ки аз ғахории Ҳукумати Тоҷикистон ва муҳаббати беинтиҳои Пешвои миллат ба ин диёр гувоҳӣ медиҳанд, бунёди деҳаи навбунёди Раҳмонобод барои мардуми беманзилу бечизу чора мондаи Барсем, намунаи баланди зуҳуроти дастгирӣ аз халқи хеш, аз бечорагону афтодагони дар фоҷиамонда аст.  Ба тамоми мардуми ин деҳа,ки бо фалокате аз хонаву дару ҳама чизу чораву ашёи рӯзгор маҳрум шуда буданд, хонаҳои наву беҳтари замонавӣ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти рӯзгор сохтаву ҳадя карда шуд. Раҳмонобод номест, ки худи мардуми ин деҳа ба нишони сипосу эҳтироми баланд ва қадрдонии Пешвои миллат ба ин деҳа гузоштаанд. Ва суруди “Раҳмонобод”-ро, ки Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим бадоҳатану бамаврид дар ин рӯзҳо эҷод кард, дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ, дар варзишгоҳи Хоруғ ҳама ҳозирин ва гумон мекунам, ҳама бадахшониён баробари сарояндагон ба по истода замзама карданд.

Касе, ки чанд сол дар Бадахшон набудааст, имрӯз агар ояду бубинад, ин сарзаминро намешиносад, хусусан шаҳри Хоруғро. Банда аз кӯчаҳои Хоруғ баъд аз 5- сол қадам мезадаму  гумон мекардам ба шаҳри дигаре омадаам, ки ин қадар симои зебои замонавӣ дорад ва бо завқи зебоишиносӣ сохта шудааст, ё балки худи табиати дарёву  кӯҳсори атрофи Хоруғ, осмони мусаффо ва мардуми нозанинаш  ба сохтмонҳои тозаву нави он ҳусн зам мекарданд ва ин шаҳрро зеботар менамуданд.

Дар мулоқоти Президент бо мардум дар шаҳраки навбунёди Шуғнон  ҳолатҳое буданд, ки ҳам  ҳозирин ва ҳам Пешвои миллат аз муҳаббату эҳсосот ашк дар чашм доштанд. Хусусан, вақте ки Сарвари кишвар аз нахустин сафарҳои худ дар он рӯзгори пурхатар, ки  ҷонро дар рӯи каф гирифта ба Бадахшон  меомад ва мухолифини силоҳбадаст ҳар лаҳза метавонистанд ба ҷони ӯ террор кунанд, ҳикоят мекард. Пешвои миллат бо муҳаббати баланд ва сипосгузории бепоён ба занону модарони Бадахшон сухан мекард, ки маҳз онҳо бо муҳаббати модаронаи худ ӯро ба ҳимояашон гирифтанд, аз хатарҳо дар амон доштанд. Пешвои миллат инро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва аз ҷониби худ барои Бадахшон ҳеҷ кӯмакеро дареғ намедорад. Ин аст, ки дар замони Истиқлолияти Тоҷиистон барои эҳёву ободонии Бадахшон  7  миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст. Танҳо дар ноҳияи Шуғнон ба маблағи 119 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро карда шуда, 138 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, мактаб, дармонгоҳ,шифохона сохта шуданд. Дар замони Истиқлолият маблағгузории ноҳия 13 баробар зиёд шуд ва ободиву бунёдкориҳо дар Бадахшон идома доранд.

Дар силсилаи шеърҳое, ки таҳти унвони”Лонаи меҳр” он солҳо ба Бадахшон бахшидаам  як шери дигаре ҳаст, ки мехоҳам онро барои комилтар шудани тасаввуроти хонанда аз Бадахшон биёварам:

Он ҷой, ки одамӣ ба маҳ ҳамшин аст,

Ошиқ ба шабон ҳамнафаси парвин аст.

Ҷойе, ки зи санг шир мерӯёнанд,

Яъне, ки диёри Хусраву Ширин аст.

Он ҷо, ки ба аспи дӯстӣ биншинӣ,

Инсоф лаҷоми ону мардӣ зин аст.

Подоши накӯкор на мол асту на пул,

Шукри ҳама халқу ҳурмату таҳсин аст.

Подоши ҷавонмард  бар ӯ аҳсант аст,

Подоши хиёнат аҷали сангин аст.

Он ҷой, ки одамон ҳама якрӯянд,

Одамгарӣ дар раҳи Худо ойин аст.

Ҷойе, ки ба хонае равӣ меҳмонӣ,

Дил пойандозу ҷонашон болин аст.

Он ҷо ҳама раҳ фақат миёни дилҳост,

Оре, оре, ин ватани Ширин аст.

Албатта,дар ин ҷо вожаи ширин ба ду  маъност, ҳам дӯсти ман Ширин Бунёд дар назар дошта шудааст ва ҳам маънии аслии ин вожа: ширин.

Дар Бадахшон муҳаббат ба шоир, ба сухан, арҷгузорӣ ба адибону аҳли китоб хеле зиёд аст. Банда барои тақвияти суханам далелҳои бисёр дорам, ҳам аз сафарҳои гузашта ва ҳам аз ҳамин сафари охир ва яке аз онҳоро, ки дар ҳамин охирин сафарам ба вуқӯъ пайваст, ҳикоят мекунам. Ба мо дору даркор шуд ва ҳамроҳи шариконам устод Меҳмон Бахтӣ ва академик Носирҷон Салимиву Баҳромҷон ва соҳибхонаамон Мастоншоҳ ба яке аз дорухонаҳои шаҳри Хоруғ ворид шудем. Дорухона дар қариби даромадгоҳи беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ қарор дошт. Аз фурӯшадае, ки моро хело бо меҳрубонӣ қабул кард, доруи мизим гирифтам. Хостам пулашро диҳам, аммо фурӯшада бо қатъият намехост аз ман  пул бигирад. Сабабашро пурсидам, гуфт: -ман шуморо мешиносам, мухлиси шеърҳоятон ҳастам, ҳаргиз пул намегирам ва номамро ба забон овард.. Ман хеле мутаассир шудам, ки ӯ ин қадар эҳтиром ба шоир дорад  ва одоби баланди меҳмондорӣ зоҳир мекунад. Банда истодагарӣ мекардам, ки ӯ пули доруро гирад. Ба ман гуфтанд, ки ин бефоида аст, ӯ ҳаргиз аз ман пул нахоҳад гирифт, ҳам ба хотири меҳмон буданам, ҳам ба хотири эҳтиром ба шеъру шоир. Ин мисолро, албатта, на барои таърифи шахсияти худ, балки барои таърифи шахсияти он хонум овардам. Муттаасифона, номашро напурсидам, аммо чеҳраи беғубори ӯ, фазилати ӯ як умр дар ёди ман хоҳад монд.Чунин мисолҳо аз меҳмоннавозиву инсонигариву хайрхоҳии мардуми Бадахшон фаровонанд.

Дар бораи Бадахшон, таомулҳои неки он, одобу суннатҳои хубу марғуби ин мардум, табиати нотакрор, хусусан обҳои  шифобахшаш, ки чун дили тоҷикон зулол аст, метавон бисёр гуфт ва боз ҳам сухан нотамом хоҳад монд.

Бадахшон як саломе аз суннатҳои неку шарифи миллати мо, Бадахшон як паёме аз сарбаландиҳои кӯҳсор, зулолии чашмаҳо, таровати рӯду обшорони Ватан, Бадахшон дуруди пайваста аз рӯҳи поки гузаштагони фарзонаи мост, Бадахшон ойинаест, ки дар он зоҳиру ботини ин миллати равшанзамир ҷило медиҳад ва инсон ва башарият дар ин ойина покии худро дармеёбад. Ва имрӯз Бадахшон воқеан дарвозаи тиллоиест, ки ба рӯи мо ба шарофоти Истиқлолияти давлатиамон, ба шарофати Ваҳдати миллиамон боз гардидааст, то мо ба марҳилаи нави таърихии ин халқи некӯманиш ва ин миллати куҳанбунёд ворид шавем ва ормонҳои баланду неку башардӯстонаи миллатамонро пайгирӣ кунем.

Мехоҳам суханони худро бо як дубайтие,ки бадоҳатан дар ин сафар гуфтаам, хотима бидиҳам:

Эй замини дилписанди тоҷикон!

Эй Бадахшони баланди Тоҷикон!

Кишвари поки ниёконам туӣ,

Марзи ҷонам, марзи армонам туӣ!

Камол Насрулло,

Шоири халқии Тоҷикистон

19.07.2016

Июль 20, 2016 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анор барои бемориҳои мавсимӣ беҳтарин даво аст
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ назаррас аст
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Нақши ин мақомот дар ташаккули волоияти қонун дар ҷомеа муҳим аст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқҳои фитрии инсонро кафолат додааст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми коркарди биҳӣ моддаҳои ғизоии он ҳифз карда мешаванд
КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба 30-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон бахшида мешавад
24 ОКТЯБР-РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Давоми 32 соли узвият 7 ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон қабул шуда, мавриди амал қарор дорад
ОЗОДАПАЛАНГ-РАМЗИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Сукунати он дар кӯҳҳои баланду барфпӯш бозгӯи поктарин экосистема доштани Тоҷикистон аст
Худшиносии миллӣ дар инкишофи истиқлоли сиёсӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад