Канслери Олмон муносибатҳо бо Тоҷикистонро нек арзёбӣ кард

Июль 13, 2016 09:59

Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 11 июли соли равон дар Бустонсарои Месеберг канслери Федеролии Олмон Ангела Меркел корпуси дипломатии муқими Олмонро ба ҳузур пазируфт.
Дар қабули расмӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Маликшо Неъматов иштирок намуд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, канслери Олмон дар суҳбат бо Сафири Тоҷикистон муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишварро нек арзёбӣ карда, хостори вусъати ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои мухталиф гардид.
Дар чорабинӣ инчунин Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк Валтер-Штайнмайер ширкат варзид.

Июль 13, 2016 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад