КФ «Хуҷанд» сармураббиашро иваз кард
Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд сармураббии худро пеш аз оғози марҳалаи дуввуми чемпионати мамлакат оид ба футбол дар Лигаи олӣ иваз намуд. Минбаъд ин дастаро Ҳомид Каримов тамрин медиҳад.
Тавре директори КФ «Хуҷанд» Акбар Иброҳимов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Ҳомид Каримов расман дирӯз бо ҳайати даста шинос шуда, ба фаъолият оғоз кард.
Ҳомид Каримов пештар ба ҳайси сармураббии дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро машқ дода, солҳои ахир ба ҳайати мураббиёни КМВА «Помир» шомил буд.
Тавре Акбар Иброҳимов директори КФ «Хуҷанд» иттилоъ дод, бо маслиҳати тарафайн шартномаи Нӯъмон Юсупов, сармураббии собиқи КФ «Хуҷанд» ва ёвари ӯ Қаноат Латифов бо даста қатъ гардид. Нӯъмон Юсупов соли сеюм аст, ки дар дастаи «Хуҷанд ба ҳайси сармураббӣ кору фаъолият карда, соли гузашта «Хуҷанд»-ро барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон гардонида буд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






