Консерваторияи миллӣ ба низоми нави таҳсилоти кредитӣ мегузарад
Душанбе, 01.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳайати профессорону омӯзгорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки аз оғози соли таҳсили нав ба низоми нави таҳсилоти кредитӣ гузаранд». Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ноиби ректор оид ба таълим дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон Бурҳон Сайфиддинов иброз намуд.
Ҳамчунин ба иттилои Бурҳон Сайфиддинов, Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягона муассисаи таълимӣ мебошад, ки то ҳол тариқи низоми муқаррарӣ дарс мегуфт.
Дар консерватория 3 факулта: иҷрокунандагӣ, мусиқии суннатии тоҷик, санъати мусиқии эстрада ва 13 кафедра фаъолият дошта, дар соли равон ихтисоси бастакори суннатӣ низ ба роҳ монда мешавад.








Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






