Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо
Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо, шаҳрвандони бекор, занони хонашин ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Тавре ки мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Санавбар Баҳодурова иттилоъ дод, маъракаи мазкур дар асоси нақшаи алоҳида ба роҳ монда шуда, аз моҳи апрел инҷониб давом дорад. То имрӯз семинарҳои маърифатӣ-иттилоотӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ, Ваҳдат, деҳаҳои Басманда, Қалъаи Дӯст, Қалъаи Мирзобой, Шоҳон, Хӯҷаҳо ва маркази ноҳия доир гардидаанд. Бояд зикр намуд, ки дар рафти онҳо ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардидааст. Семинарҳои маърифатӣ-иттилоотӣ то охири сол давом хоҳанд кард.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати ХМ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






