Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо

Июль 7, 2016 10:43

Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва  шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо, шаҳрвандони бекор, занони хонашин ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Тавре ки мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Санавбар Баҳодурова иттилоъ дод, маъракаи мазкур дар асоси нақшаи алоҳида ба роҳ монда шуда, аз моҳи апрел инҷониб давом дорад.  То имрӯз семинарҳои маърифатӣ-иттилоотӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ, Ваҳдат, деҳаҳои Басманда, Қалъаи Дӯст, Қалъаи Мирзобой, Шоҳон, Хӯҷаҳо ва маркази ноҳия доир гардидаанд.  Бояд зикр намуд, ки дар рафти онҳо ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардидааст. Семинарҳои маърифатӣ-иттилоотӣ то охири сол давом хоҳанд кард.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз  Раёсати ХМ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Июль 7, 2016 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд