Кормандони Кумитаи дин зимни назорати 265 маърака ва маросимҳо 51 ҳолати қонуншиканиро ошкор намуданд

Июль 12, 2016 14:21

Душанбе, 12.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2016 аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмўъ 8093 рейд гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он 298 адад парвандаҳо оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шуда, 288 парванда аз тарафи судҳо баррасӣ шуд ва 10 адад дар истеҳсолот қатъ гардиданд.
Дар ин бора   зимни нишасти матбуотӣ оид ба рафти иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод.
Ӯ зикр намуд, ки маблағи умумии ҷаримаҳо 887 ҳазору 760 сомониро ташкил дода, ошкор намудани қонуншиканиҳо бештар дар вилояти Суғд ба назар мерасанд.
Ҳамчунин дар  ин давра  комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таблиғу ташвиқ, фаҳмондадиҳии моҳияти қонуни мазкур ва риояи талаботи он 6945 суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Дар идомаи ин мавзӯъ Сулаймон Давлатзода изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони кумита рафти бештар аз 265 маърака ва маросимҳоро назорат намуда, беш аз 51 ҳолати қонуншиканиро ошкор намудаву вобаста ба он санадҳои дахлдор тартиб додаанд. Бо роҳи фаҳмондадиҳӣ эҳтимолияти содир намудани қонуншиканиро дар ҳудуди 50 ҳолат пешгирӣ намуданд.

Июль 12, 2016 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад