Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар обанборҳо 44 нафарро наҷот доданд

Июль 21, 2016 17:35

Душанбе 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи панҷшанбе дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ) Рустам Назарзода изҳор дошт, ки шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 60 нафар дар дарёҳо ва обанборҳо ғарқ шудаанд.
Бо изҳори нигаронӣ аз вазъи ба амаломада дар дарёҳо ва обанборҳои кишвар, роҳбари КҲФ таъкид кард, ки бо вуҷуди гузаронидани амалиётим мунтазам ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони КҲФ бо аҳолӣ, дар нимсолаи аввали соли равон дар обанборҳо ва дарёҳои кишвар 61 нафар, аз ҷумла 32 нафар то синни 17-сола ва 29 нафар аз синни 17-сола боло ғарқ шудаанд. Илова бар ин, дар ин давра дар обанборҳо 44 нафар аз ҷониби кормандони КҲФ наҷот дода шуданд.
Бино ба гуфтаи роҳбари КҲФ, сабабҳои асосии марг дар об, оббозӣ дар мавзеи манъшуда барои оббозӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ҳамчунин гармии тоқатфарсои имсола дар ҷумҳурӣ мебошад, ки шумораи зиёди одамон бо мақсади оббозӣ дар об бо марги худ рӯ ба рӯ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол ҳавошиносон дар Тоҷикистон охири июл ва аввали август баландшавии ҳарорати ҳаворо то ба 43 дараҷа пешгӯӣ мекунанд.

Июль 21, 2016 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад