Кортҳои миллии нафақагирон то 15 июл иваз карда мешаванд
Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар/. Кортҳои бонкии нафақагирони шаҳри Душанбе то 15 июли соли равон бинобар ба охир расидани муҳлати истифодабариашон иваз карда мешаванд.
Дар ин росто нафақагироне, ки дар ҳудуди пойтахт истиқомат менамоянд, барои иваз кардани кортҳои бонкии худ бояд ба марказҳои хизматрасонии бонкии «Амонатбонк» муроҷиат намоянд. Кортҳои нави бонкӣ танҳо дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти бознишастаҳо ба онҳо супорида мешавад.
Дар мавриди бемор будани нафақагирон, кормандони «Амонатбонк» ба хонаи онҳо рафта, корти бонкиашонро иваз менамоянд.
Фахриддин Холматов, иқтисодчии шуъбаи рушд ва иқтисоди департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки то санаи 1 июли соли равон 6 ҳазору 379 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ оиди пардохтҳо тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ бо «Амонатбонк» ҳамкорӣ доранд. Алҳол муштариёне, ки аз кортҳои миллии «Амонатбонк» истифода менамоянд, 1 миллиону 43 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, беш аз 300 ҳазор нафар зиёд аст. Теъдоди нафақагироне, ки аз кортҳои миллии «Амонатбонк» дар пойтахт истифода менамоянд, ба 51 ҳазор адад мерасад.
БДА «Амонатбонк» яке аз бонкҳои куҳантарини Тоҷикистон буда, алҳол дар миқёси кишвар дорои 77 филиал, 664 нуқтаҳои додани пули нақд, 190 банкомат ва 111 адад постерминалҳо дар марказҳои савдо ва хизматрасониҳо мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти маошу нафақа аз ҷониби бонки давлатии «Амонтабонк» тавассути корти миллии пластикӣ аз моҳи декабри соли 2010 ба роҳ монда шудааст, ки муҳлати онҳо се солро дар бар мегиранд ва бо гузашти се сол ин кортҳо бояд ба кортҳои нав иваз карда шаванд. Инчунин аз ҷониби «Амонатбонк» истифодаи корти паластикии байналмилалии VISA ҷорӣ карда шудааст, ки муҳлати истифодаи он ду сол буда, нафароне аз он истифода менамоянд, ки зуд-зуд ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Алҳол дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор нафар аз ин навъи корти пластикии байналмилалӣ истифода менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






