Кумакҳои хайриявии Хадамоти гумрук ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ
Душанбе, 07.07.2016/ АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар вазорату идораҳои мамлакат дар арафаи Иди саиди Фитр, ки дирӯз таҷлил гардид, ба табақаҳои мухталифи ниёзманди аҳолӣ кумакҳои хайриявӣ расонд.
Аз ҷумла, чунин кумакҳо ба тарбиятгирандагони мактаб- интернати низомаш махсуси деҳаи Хирманаки шаҳри Ҳисор, филиали Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, маъюбони маҳаллаи «Шафақ»-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, Ҷамъияти занҳои маъюби «Малика»-и шаҳри Турсунзода ва бархе аз маъюбон ироа гардид.
Аз дафтари матбуоти Хадамоти гумрук ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин кумакҳо асосан аз маҳсулоти хӯрокворӣ — орд, шакар, равған ва дигар шириниҳо иборат буданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






