Кумаки хайрҳона ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат ва хонаи кӯдакон
Душанбе, 07.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани кумак ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону бепарасторон аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тад-Диют Фри» ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе кумак расонда шуд. Кумаки дастрасшуда ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз асбобу анҷоми варзишӣ, аз ҷумла гилем барои гуштингирӣ, лавозимот барои теннисбозӣ, маводи хониш, маҳсулоти шустушӯӣ ва ғайра иборат буд.
Гуфта мешавад, ки дар мактаб-интернати рақами яки шаҳри Душанбе 454 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, онҳо аз ин иқдоми хайрхоҳона, ки дар рӯзҳои Иди саиди Фитр сурат гирифт, хушнуд шуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тад-Диют Фри» ба тарбиятгирандагони хонаи кӯдакони синни томактабии шаҳри Душанбе барои нигоҳдории маҳсулоти гуштӣ як адад яхдон ва кондитсионер ҳамчун кумак дастрас карда шуд, ки он боиси рӯҳбаландии тарбиятгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






