Кумитаи оид ба корҳои дин : «Дар давоми 6 сол фаъолияти ягон масҷиди расмӣ қатъ карда нашудааст»

Июль 12, 2016 17:14

Душанбе, 12.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2010 то имрӯз  аз тарафи Кумитаи оид ба  корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ  фаъолияти ягон масҷиди расмӣ қатъ карда нашудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки он иттиҳодияҳои диние, ки  қатъ гардиданд,  пештар ҷойҳои ҷамъиятӣ буданд ва онҳоро ғайриқонунӣ ба масҷидҳо табдил доданд ва бинобар надоштани иҷозатнома фаъолияти онҳо манъ карда шуд.
С.  Давлатзода зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон тибқи мактуби раисони баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  29 иттиҳодияи динӣ бо роҳи худбарҳамдиҳӣ аз феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии кумита бароварда шуд.
Айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 1 маркази исломӣ, 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3551 масҷиди панҷвақта, 70 ташкилоти динии ғайриисломӣ  ва дар маҷмӯъ 4006 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст.

Июль 12, 2016 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!