Курсанти Академияи ВКД дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медали тилло гашт

Июль 7, 2016 14:47

Душанбе, 07.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Курсанти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дастпарвари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Акбар Ҷабборов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кикбоксинг, ки дар шаҳри Шенчжени Ҷумҳурии Халқии Хитой доир гардид, иштирок намуда, бо медали тилло ва Ҷоми «Super star fight» ба Ватан баргашт.
Тавре сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, Акбар Ҷабборов дар рақобатҳо дар вазни 65 кг миёни варзишгарони касбӣ баромад намуда, дар даври ниҳоӣ пас аз шикаст додани рақибаш аз Ҷумҳурии Халқии Хитой бо се зарбаи аз по афтондан мақоми аввалро ишғол намудааст.
Қобили қайд аст, ки дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ намояндагони зиёда аз 10 кишвари дунё ширкат доштанд.
Акбар Ҷабборови 22-сола дар намуди варзиши кикбоксинг беш аз 10 сол аст, ки дар Маҷмааи варзишии Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД таҳти таълими устодонаш Сафар Маллаев ва Сиёвуш Шарипов пайваста дар тамрин буда, айни замон курсанти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Ӯ дар баробари ба варзиш шуғл доштан, дар омӯхтани илму дониш низ фаъолияти назаррас дорад.
Орзуи Акбар Ҷабборов ин аст, ки пас аз хатми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оянда корманди мақомоти милитсия шуда, ба халқу Ватани азизи худ содиқона хизмат намояд.

Июль 7, 2016 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад