КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои мизоҷони худ имтиёзҳо пешниҳод мекунад

Июль 26, 2016 16:09

Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми боркашониву мусофирбарӣ аз тарафи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» имтиёзҳо пешниҳод карда шуд»,-иброз намуд Усмон Қаландарзода, муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» имрӯз дар нишасти матбуотӣ.
Усмон Қаландарзода инчунин илова намуд, ки ба тоҷирону соҳибкорон ва кишоварзони ватанӣ барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 20 то 50 % тахфиф дода шуд ва дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми содироти молҳои хоҷагии халқ 304,8 ҳазор тоннаро  ташкил дод.
Боиси тазаккур аст, ки дар асоси созишномаи байни маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон, Қазоқистон ва Русия басташуда ба мусофироне, ки пешакӣ чипта мехаранд, аз 31 то 45 % тахфиф дода мешавад.

Июль 26, 2016 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид