Маҳфили фарҳангӣ оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ доир шуд

Июль 25, 2016 15:46

Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 23-юми июли соли равон  дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бо иштироки гурӯҳи наврасон ва хонандагони хурдсоли забонҳои хориҷии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Забондон»-и шаҳри Душанбе маҳфили фарҳангӣ доир гардид.
Дар маҳфил хонандагон тасвирҳои видеоии оҳангҳои Зиёдулло Шаҳидиро тамошо карда, аз нигораҳои осорхона дидан намуданд.
Ҳамчунин  бо ҳамроҳии кормандони осорхона ва омӯзгорон сурудҳои «Муҳаббат» ва «Ситораи ман»- ро иҷро карданд ва бо забони англисӣ оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ муколама оростанд.
Мақсад аз баргузории маҳфили фарҳангӣ ин баланд бардоштани сатҳи дониши фарҳангии наврасону ҷавонон, шинос гардонидани онҳо бо ҳаёту фаъолият ва осори оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ буд.

Июль 25, 2016 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад