Муҳлати фаъолияти Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба анҷом расид
Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 12 июли соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Маркус Мюллерро бинобар ба анҷом расидани муҳлати фаъолияташ ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории созанда ва мутақобилан судманди тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми мулоқот вазир ба М. Мюллер барои саҳмаш дар рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА изҳори миннатдорӣ баён намуда, барои фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






