Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Истиқлолият оғоз гардид
Душанбе, 16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори ширкати «Фароз» Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Мусобиқаи мазкур миёни дастаҳои футболи хурд, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоятҳо баргузор мегардад. Ғолибони ин мусобиқа дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, бо туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ мегарданд.
Даври аввали мусобиқа миёни дастаҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мегардад. Туҳфаи асосии ин мусобиқа Ҷоми 25-солагии Истиқлолият номгузорӣ шудааст. Албатта, мақсад аз баргузории ин мусобиқа, оммавӣ гардонидани футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Бозӣ миёни дастаҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, ки дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор шуд, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мизбон ба анҷом расид. Бозии ҷавобӣ бошад, 17 июл дар шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






