Мусовии тими футзали Тоҷикистон бо Ӯзбекистон
Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар вохӯрии нахустини байналмилалии дӯстона бо тими мунтахаби футзали Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд натиҷаи мусовии 3:3-ро ба даст овард.
Бозингарони футзали мо дар муқобили иштиродорони бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон ӯзбекистониҳо бозии ниҳоят хуб нишон доданд ва ба Файзалӣ Сардоров муяссар гардид, ки муаллифи се гол шуда, хет-трик намояд.
Дар рафти бозӣ футболбозони мо ду маротиба дар сафи пеш буданд, аммо бартариашонро аз даст доданд ва Акбар Усмонов, Дилшод Раҳматов ва Дилмурод Шавкатов ба се голи Файзалӣ Сардоров ҷавоб гардониданд.
13 -14 июл боз ду вохӯрии дӯстонаи ин дастаҳо дар назар аст.
Ёдрас мешавем, ки тими мунтахаби футзали Ӯзбекистон соли равон дар Чемпионати Осиё дар вохӯрии ниҳоӣ аз дастаи мунтахаби Эрон бо натиҷаи 2:1 шикаст хӯрд ва соҳиби ҷои дуввум гардид. Ҳоло дастаи мунтахаби футзали Ӯзбекистон ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия мегузарад, омодагӣ мебинад. Ин даста ба гурӯҳи «А» якҷоя бо тимҳои миллии футзали Колумбия, Португалия ва Панама шомил мебошад.








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид






