Мутахассисони тоҷик дар Кишвари тулӯи офтоб таҷриба меомӯзанд
Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар/. «Алҳол 10 нафар мутахассисони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон таҷрибаи худро дар бахши обёрӣ такмил медиҳанд»,- гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф афзуд, ки таҷрибаомӯзии мутахассисони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар доираи ҳамкории дуҷонибаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон /JICA/ ба роҳ монда шудаст. Мутахассисони тоҷик дар Ҷопон, ки ҳамчун кишвари тулӯи офтоб ном бурда мешавад, тарзҳои гуногуни обёрии замин, хусусан усули обмонии қатравиро дар минтақаҳои субтропикӣ меомӯзанд. Таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷик дар Ҷопон муддати беш аз 1 моҳ идома меёбад.
Ҳамзамон Холмурод Раҳмон зикр кард, ки кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он фаъолияти худро дар партави сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои рушди минбаъаи кишвар, беҳдошти ваъи зиндагии мардум равона гардидааст, ба роҳ мондаанд. Инчунин барои татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Парлумон бармеоянд ва сазовору дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ -25-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон саъю талош доранд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






