Н.Одиназода: «Қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 88,6 % таъмин гардид»

Июль 18, 2016 11:27

Душанбе, 18.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид.
Дар ҷаласа директори Агентӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов оид ба  татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ва амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба масъулини соҳа саривақт иҷро  кардани Фармону Қарори мазкур дастуру супоришҳо дод.
нафакаМуовини якуми директори Агентӣ Назокат Одиназода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 ва вазифаҳо барои рушди соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар нимсолаи дуюми 2016 маърӯзаи ҳисоботӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки  мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбаст дар нимсолаи якуми соли 2016 қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 88,6 % таъмин карда шуд. Қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бошад, 1 млрд. 10 млн. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷоти баҳисобгирифташудаи корхонаву ташкилотҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ  943 млн. сомонӣ равона шудааст.
Ҳамчунин дар ҷаласа сардорони раёсатҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Агентӣ, сардорони маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ аз натиҷаи фаъолияти кории  худ дар давоми 6 моҳи гузашта ҳисобот доданд.

Июль 18, 2016 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад