Н.Одиназода: «Қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 88,6 % таъмин гардид»
Душанбе, 18.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид.
Дар ҷаласа директори Агентӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов оид ба татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ва амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба масъулини соҳа саривақт иҷро кардани Фармону Қарори мазкур дастуру супоришҳо дод.
Муовини якуми директори Агентӣ Назокат Одиназода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 ва вазифаҳо барои рушди соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар нимсолаи дуюми 2016 маърӯзаи ҳисоботӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбаст дар нимсолаи якуми соли 2016 қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 88,6 % таъмин карда шуд. Қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бошад, 1 млрд. 10 млн. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷоти баҳисобгирифташудаи корхонаву ташкилотҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ 943 млн. сомонӣ равона шудааст.
Ҳамчунин дар ҷаласа сардорони раёсатҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Агентӣ, сардорони маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ аз натиҷаи фаъолияти кории худ дар давоми 6 моҳи гузашта ҳисобот доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






