Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ муовини Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ интихоб гардид

Июль 2, 2016 10:46

Душанбе, 02.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 30 июни 2016 номзадии Маҳмадамин Маҳмадаминов, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба вазифаи Муовини Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои соли 2017 аз ҷониби Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки аз 55 кишвар иборат мебошад, бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтааст.
Дар ин бора ВКХ ҶТ хабар медиҳад.
Сохтори ЭКОСОC аз Раис ва 4 муовинони ӯ иборат мебошад.
14 июни 2016 зимни интихоботи аъзои нави Шӯрои мазкур барои солҳои 2017-2019 номзадии Тоҷикистон дар қатори Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Корея аз Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, соҳиби 183 овоз гардида, бори аввал дар таърихи худ ба узвияти Шӯрои мазкур барои солҳои 2017-2018 интихоб шуд.

Июль 2, 2016 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид