Нашри «Пайроҳаи тақдир»-и Сано

Июль 25, 2016 17:28

Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи шеърҳои шоира Санавбари Солеҳро, ки бо тахаллуси Сано шеър эҷод менамояд, таҳти унвони «Пайроҳаи тақдир» мунташир намуд. Китоб бо теъдоди 1000 нусха чоп ш уда, дар он шеъру ғазалҳои шоира таҳти унвони «Гулрези хаёл» ва «Меҳроби роз» гирд оварда шудаанд.
Ашъори шоира саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан, ситоиши зебоиҳои нотакрори табиати кишвар, тарғиби ишқи поку беолоиш ва фазилатҳои неку ҳамидаи инсонист.
Санавбари Солеҳ зодаи яке аз мавзеҳои зебоманзари кишвар-Варзоб буда, соли  2000  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Алҳол ба ҳайси омӯзгори фанҳои  забон ва адабиёти тоҷик  кор мекунад.
Сано  ҳанӯз аз сини 14-солагӣ ба навиштани шеър оғоз кардааст. Ӯ дар солҳои донишҷӯияш бо шоирони  тоҷик ҳамкорӣ намуда, шеърҳояш дар ҳафтаномаҳои  «Адабаиёт ва санъат» ва «Оила» нашр гардидаанд.

Июль 25, 2016 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад