Неъматулло Ҳикматуллозода ва Олег Иванов ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд омодагии худро изҳор намуданд
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Ивановро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Шоқурбонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саёҳат ва илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Беларус мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






