Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ: «Ба буҳрони иқтисодӣ нигоҳ накарда, дар давраи ҳисоботӣ ба ҷои 3,9 млрд. сомонии пешбинишуда ба буҷет 4,1 млрд. сомонӣ ворид карда шуд»

Июль 22, 2016 15:34

Душанбе, 22.07.16. /АМИТ «Ховар»/. «Дар шаш моҳи соли ҷорӣ  18 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатиро иҷро накарданд»,-иброз намуд раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарӣ.
Ба иттилои ӯ, ҳар шаҳру ноҳия сабабҳои объективӣ дошта, сабаби асосии таъмин нагардидани иҷрои нақшаи андозҳо ин пеш аз ҳама, таъсири буҳрони ҷаҳонӣ мебошад.
Масалан, шаҳри Ҳисор бо сабаби суст гардидани фаъолияти корхонаҳояш ва рушди истеҳсолоташ  3-4 соли охир аз иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ баромада наметавонад.
Н. Давлатзода зикр кард, ки ба иҷроиши нақша нигоҳ накарда, дар давраи ҳисоботӣ ба ҷои  3,9 млрд. сомонии пешбинишуда ба буҷет 4,1 млрд. сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 200 млн. сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваришуда 375 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин дар нимсолаи аввал аз тарафи мақомоти андози ҷумҳурӣ зиёда аз 12 400 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи умумии 104,5 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб  ба буҷети ҷумҳуриявӣ 53 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Июль 22, 2016 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд