Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ: «Ба буҳрони иқтисодӣ нигоҳ накарда, дар давраи ҳисоботӣ ба ҷои 3,9 млрд. сомонии пешбинишуда ба буҷет 4,1 млрд. сомонӣ ворид карда шуд»
Душанбе, 22.07.16. /АМИТ «Ховар»/. «Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 18 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатиро иҷро накарданд»,-иброз намуд раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарӣ.
Ба иттилои ӯ, ҳар шаҳру ноҳия сабабҳои объективӣ дошта, сабаби асосии таъмин нагардидани иҷрои нақшаи андозҳо ин пеш аз ҳама, таъсири буҳрони ҷаҳонӣ мебошад.
Масалан, шаҳри Ҳисор бо сабаби суст гардидани фаъолияти корхонаҳояш ва рушди истеҳсолоташ 3-4 соли охир аз иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ баромада наметавонад.
Н. Давлатзода зикр кард, ки ба иҷроиши нақша нигоҳ накарда, дар давраи ҳисоботӣ ба ҷои 3,9 млрд. сомонии пешбинишуда ба буҷет 4,1 млрд. сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 200 млн. сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваришуда 375 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин дар нимсолаи аввал аз тарафи мақомоти андози ҷумҳурӣ зиёда аз 12 400 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи умумии 104,5 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ 53 млн. сомонӣ ворид карда шуд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






