Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳани Душанбе-Хатлон шинос шуд

Июль 29, 2016 16:09

Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бунёди  роҳ  дар  қитъаи  Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Хатлон  шинос шуд.
Сарвазири  мамлакат  аз   маҳалли  оғози татбиқи лоиҳа дар  истгоҳи роҳи оҳан дар мавзеи  Элок то истгоҳи роҳи оҳан дар ноҳияи Ёвон дидан кард. Ҳоло дар қитъаи роҳи мазкур марҳилаи охирини корҳои роҳсозӣ ва бунёди нақбу кӯпрукҳо бо маром идома дошта, роҳсозон азм доранд, ки дар муҳлати муқараргардида ин иншоотро сохта, ба истифода диҳанд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир  Расулзода  аз роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва роҳбарону масъулони ширкатҳои паймонкору роҳсоз иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои роҳсозӣ, таъмини  сифати баланд ва  истифодаи   самараноки   техникаю  таҷҳизоти кориро  талаб  намуд.
Дар идомаи ин сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар ноҳияи  Ёвон  бо рафти сохтмони Корхонаи  истеҳсоли сементи «Моҳирсемент» ва Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминии фтордор ва кислотаи сулфат шинос шуд. Корхонаҳои  мазкур дар доираи  татбиқи нақшаю барномаҳои  рушди соҳибкорӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, эҳёи  саноати кимиёвӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ бунёд гардида, дар доираи тадбирҳои ҷашни 25-умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Июль 29, 2016 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд