Ҷоизаҳои КИ ҲХДТ соҳибони худро пайдо карданд
Душанбе, 7.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд маросими супоридани нахустин ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони муассисаҳои олӣ, устодону олимон ва кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ баргузор гардида, панҷ нафар барандагони ҷоизаҳо муайян шуданд.
Ҳамчунин ба ҷоизадорон аз тарафи Кумиаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишон ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1500 сомони тақдим гардид.
Бояд зикр кард, ки Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бори аввал дар чаҳор риштаи илм: адабиёт, таърих, фарҳанг ва журналистика ҷоизаҳои худро таъсис дод.
Ҷоизаҳои Кумиҷроия мансуб ба аҳли илму адаб буда, дар ду сол як маротиба супорида мешаванд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






