Ғолибони «Гулбазми Хатлон» муайян гардиданд
Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни вилоятии «Гулбазми Хатлон» баргузор гардид, ки дар он гулпарварони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, иттилоъ доданд, ин чорабинӣ бо мақсади тарғиби шукуфоии кишвар, тарбияи зебопарастӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ташвиқи гулпарварӣ дар маҳал, оила, ҷойи кор ва дарёфти намудҳои гуногуни гулҳо ва ашхоси гулпарвар баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар ин чорабинӣ ғолибони «Гулбазми Хатлон» муайян шуда, сазовори ҷойи якум шаҳри Кӯрғонтеппа, ҷойи дуюм шаҳри Сарбанд, ҷойи сеюм шаҳри Норак гардиданд.
Инчунин дар озмуни мазкур ғолибони номинатсияҳои «Беҳтарин ороишгари гулҳо», «Беҳтарин гулпарвар», «Беҳтарин вассофи гулҳо» ва «Беҳтарин композитсияи адабӣ-бадеӣ» муайян шуданд.













Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






