Олимпиадаи сеюми ҷумҳуриявӣ оид ба Ҳаракати олимпӣ дар Қаратоғ баргузор гардид
Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 июли соли равон дар истироҳатгоҳи Қаратоғ даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он ғолибон ва ҷоизадорони даврҳои дуюм ва сеюм қувваозмоӣ карданд.
Дар даври ниҳоӣ дастаҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаҳои Кӯлобу Қурғонтеппа ва 3 дастаи ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.
Дар маросими кушодашавии олимпиада ноиби президенти Академияи миллии олимпии Тоҷикистон Ибод Шарифӣ ва бархе аз роҳбарони раёсату шуъбаҳои маорифи вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Барномаи олимпиада аз тестҳо (посух ба саволҳо) ва 3 навъи варзиш иборат буд. Ба 150 савол оид ба таърихи Ҳаракати олимпӣ ва варзиш 44% писарон ва 40% духтарон посухҳои дақиқ доданд.
Ғолибон ва ҷоизадорон байни духтарон:
Ҷойи 1-ум Саидаи Шералӣ аз минтақаи Кӯлоб
Ҷойи 2-юм Ситора Зарипова аз ноҳияи Рӯдакӣ
Ҷойи 3-юм Идимоҳ Раҷабова аз минтақаи Кӯлоб
Байни писарон:
Ҷойи 1-ум Диловари Ҳусайн аз минтақаи Кӯлоб
Ҷойи 2-юм Оятулло Юсупов аз минтақаи Кӯлоб
Ҷойи 3-юм Ашраф Содиқов аз вилояти Суғд
Рӯзҳои дуюму сеюм мусобиқаҳои варзишии олимпиада оид ба 3 навъи варзиш: давидан ба масофаи 100 метр, танбардорӣ байни писарон ва афшурдан аз курсӣ байни духтарон, ҷаҳидан ба дарозӣ аз ҷой баргузор гардид.
5 июл маросими пӯшидашавии олимпиада баргузор гардид, ки дар он ба ғайр аз ташкилкунандагони олимпида, инчунин котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев иштирок намуданд.
Дар маросими пӯшидашавӣ ғолибон ва ҷоизадорони олимпиада дар мусобиқоти мутлақ аз рӯи 4 намуд: тест, давидан ба масофаи 100 метр, ҷаҳидан ба дарозӣ, афшурдан аз замин (барои духтарон) ва танбардорӣ (барои писарон) бо медалу мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.
Инчунин дар мусобиқот дастаҳои беҳтарин муайян гардиданд:
Ҷойи 1-ум вилояти Суғд 61 хол
Ҷойи 2-юм минтақаи Кӯлоб 54 хол
Ҷойи 3юм ноҳияи Рӯдакӣ 37 хол








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






