Олмон ба беҳтаршавии сифати хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон кумак менамояд
Душанбе, 02.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими имзои Шартномаи оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) аз ҷониби Олмон ба барномаи соҳаи тандурустӣ доир гардид.
Санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз ҷониби Олмон роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Тоҷикистон Кристин Лаабс имзо намуданд.
Тибқи ин шартнома Ҳукумати Олмон барои татбиқи давраи 5-уми лоиҳаи «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ» ба Тоҷикистон кумаки молиявӣ пешниҳод менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи барномаи мазкур қаблан 27,5 млн. евро ҷудо гардида буд, ки он ҷиҳати такмили соҳаи тандурустӣ ва таҷдиди таваллудхонаҳо, расондани ёрии таъҷилӣ дар беморхонаҳои марказии вилоят ва ноҳияҳои вилояти Хатлон равона шудааст.
Гуфта мешавад, ки бо татбиқи ин барнома дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ беҳтар мегардад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






