Осорхонаи Кӯлоб беш аз 5 ҳазор нигора дорад
Кӯлоб, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Давоми фаъолияти Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб аз тарафи раёсат ва кормандони осорхона якчанд шуъбаҳои нав ташкил ва дар онҳо нигораҳои аз шаҳру ноҳия ва минтақаи Кӯлоб дарёфт гардида, гирд оварда шуданд, ки дар айни замон беш аз 5 ҳазор ададро ташкил медиҳанд.
Сол ба сол шумораи шаҳрвандоне, ки аз осорхона дидан мекунанд, дар ҳоли афзоиш аст. Сайёҳони хориҷӣ ва меҳмонони шаҳр низ пайваста ба осорхона меоянд, то аз таърихи бою рангини мардуми ин минтақа огаҳӣ пайдо кунанд.
Тавре Ҳотам Асозода, директори Муассисаи давлатии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб изҳор намуд: «Тамошои осорхона дар зеҳни ҷавонону наврасон ҳисси миллӣ ва ватандӯстиро бедор мекунад, зеро ҳар як нигора дар худ садҳо фалсафа дораду бинандаи закӣ онро дарк мекунад.
Гӯшаҳои Осорхона бою рангин буда, ба таври муосир ороста шудаанд ва диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамоянд. Дар таътили тобистона шумораи ҷавонону наврасон, ки ба осорхона меоянд, зиёд мешаванд».
Имсол кормандони осорхона гӯшаи зиндаи табиатро бо паррандагон ташкил карданд ва ният доранд, ки то таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як гӯшаи дигарро созмон диҳанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






