Овозхони шинохтаи тоҷик аз олам даргузашт
Душанбе, 05.07.2016/АМИТ «Ховар/. Санъати овозхонии тоҷик талафоти калон дод. Дар сини 56 солагӣ ҳунарманди шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ роҳбари ансамбли «Гулшан» Субҳони Саид шаби 5-уми июл бар асари бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Субҳони Саид дар соли 1983-уми қарни 20 ба саҳнаи ҳунари овозхонӣ қадам гузошта, бо саъю талош, истеъдоди фақулодда ва сабку услуби хосаи ҳунари сарояндагӣ дар солҳои 90-уми саддаи 20 яке аз овозхонҳои маъруфи кишвар буд ва дар байни мардум бо оҳанг ва суруди таронаҳои дилошӯбаш маҳбубияти хоса дошт.
Субҳони Саид соли 1960 дар Ҳисор таваллуд шуда, таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш деҳаи Кушкак гирифтааст. Баъд аз хатми Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ тӯли ду сол 1979-1981 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намудааст. Баъди бозшгашт аз сафи Артиш дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор ва дар давоми солҳои 1983- 1985 дар ансамбли эстрадии дар он солҳо овозадори Суғдиён фаъолият намудааст. Инчунин Субҳони Саид дар дастаи ҳунарии Ганҷина-и Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси овозхон кор карда, дар солҳои 1993-2008 роҳбари ансамбли эстрадии «Гулшан»-ро ба ӯҳда дошт. Субҳони Саид дар тули умри кутоҳи худ бо оҳанг ва суруду таронаҳои дилчаспаш дар байни мардум шӯҳратёр гардида, ҳамчун овозхони беҳтарин эътироф гардиааст. Соли 2003 дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ки миёни овозхонҳои сабки эстрада доир шуд, Субҳони Саид мақоми аввалро касб намуда, «Ситораи сол» эълон гардид.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






