Озмуни ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ»

Июль 5, 2016 10:05

Душанбе, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади бунёдкориву ободонӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ»-ро баргузор намояд.
Озмуни мазкур дар ду давр баргузор гардида, даври аввали он дар шаҳру навоҳии кишвар шурӯъ шудааст.
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ» моҳи августи соли равон дар яке аз боғҳои намунавии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардида, ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои Вазорати фарҳанги кишвар қадрдонӣ карда  мешаванд.

Июль 5, 2016 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад