Пагоҳ ҳавои гарми бебориш боқӣ хоҳад монд

Июль 11, 2016 16:45

Душанбе, 11.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон, ду рӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми бебориш боқӣ хоҳад монд.
Бинобар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 14 июл дар  тамоми ноҳияҳои водии  Тоҷикистон ҳавои соф пешгӯӣ шуда,  дар  баъзе ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Пагоҳ, 12 июл дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ба 23-28 ва рӯзона ба 39-44 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии алоҳида боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 21-26, рӯзона 37-42 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст, ҳарорат шабона 17-19, рӯзона 39- 41 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво  шабона 16-21 дараҷа, рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14-19, рӯзона 29-34;  дар шарқи ин вилоят шабона  5-10, рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Июль 11, 2016 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид