Парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи дастгоҳҳои барқтаъминкунанда

Июль 4, 2016 17:30

Душанбе, 4.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 1 июли соли равон тахминан соати 01:30  ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар роҳи мошингарди самти Ҷаббор Расулов — Хуҷанд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Галамайдони ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров воситаҳои нақлиётии тамғаҳои «Зил» рақами қайди давлатиашон 0324DD 02  ва 0324DО 02 барои азназаргузаронӣ боздошт шуд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар бордони воситаҳои нақлиётии зикршуда ба миқдори 4 адад дастгоҳи барқтаъминкунандаи намуди «Трансформатор»-и тавоноияш 1000 кВА ва 4 адад дастгоҳи барқтаъминкунандаи намуди «Трансформатор»-и тавоноияш  400 кВА муайян карда шуд.
Ин миқдор мол ба шаҳрванд  Р.Р., соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен тааллуқ дошта, номбурда онро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид намудааст.
Мувофиқи хулосаи филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистикаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии ин миқдор молҳо 208  ҳазору 32  сомониро ташкил медиҳад.
Аз  рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Р. Р. бо моддаи 289 қисми 1-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ  ба Прокуратураи вилояти Суғд  фиристода шуд.

Июль 4, 2016 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!