Пешвои миллат: «Дастархони маънавӣ ороем»

Июль 5, 2016 09:48

Душанбе, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мехоҳам таъкид намоям, ки мо бояд ҳангоми гузаронидани маъракаҳои милливу динӣ, аз ҷумла иди Фитр, ҳамеша сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва ба ҷои оростани дастархони серхарҷу пурдабдаба дастархони маънавӣ ороем», — омадааст дар Паёми телевизионии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Рамазон, ки субҳи имрӯз ба сокинони мамлакат ироа гардид.
Таҳти мафҳуми дастархони маънавӣ Сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон, кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайрро талқин намуда, дар Паёми телевизионӣ чунин изҳор кардааст: «Тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро ба муносибати фаро расидани иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хурду бузурги кишвари соҳибистиқлоламон тандурустиву хушбахтӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва ободиву рушди Ватани азизамонро орзу менамоям».
Хотиррасон мешавем, ки пагоҳ дар Тоҷикистон Иди саиди фитр ҷашн гирифта мешавад. Қонунгузории Тоҷикистон ҳар ду иди бузурги мусулмонони ҷаҳон Иди фитр ва Иди қурбонро ҳамасола мутаносибан ба рӯзҳои омаданашон рӯзҳои истироҳатӣ муқаррар кардааст.

Июль 5, 2016 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад