Португалия аввалин бор чемпиони Аврупо шуд

Июль 11, 2016 08:58

Душанбе, 11.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Португалия, ки дар бозии финалӣ бар тими миллии Фаронса дар вақти иловагӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард, бори аввал дар таърих ба унвони чемпиони Аврупо даст ёфт.
Вохӯрии финалии Чемпионати Аврупо-2016 шаби 10-ум ба 11-уми  июл дар варзишгоҳи «Стад де Франс», дар шаҳри Сен-Дении наздикии Париж, миёни дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Португалия бо ҳузури беш аз 80 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Доварони ин бозӣ бо раҳбарии Марк Клаттенбург аз Англия буданд.
Бояд гуфт, ки капитани дастаи мунтахаби Португалия Криштиану Роналду, ки зонуяш сахт лат хӯрда буд, натавонист бозиро идома бидиҳад ва дар дақиқаи 24-ум ноилоҷ майдонро тарк кард.
Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Бар асоси дастури мусобиқот 30 дақиқа замони изофӣ (ду бахши 15-дақиқаӣ) таъин шуд. Голи ягона ва ҳалкунандаро Эдер дар дақиқаи 109-ум бо зарбаи сахту олиҷаноб аз масофаи дур зад.
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Португалия (сармураббии даста Фернанду Сантуш) бори аввал бо Ҷоми қаҳрамони Аврупо ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Аз ин пеш португалиҳо соли 2004 дар бозии финалӣ дар майдони худ аз тими миллии Юнон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буданд.
Ба дастаи мунтахаби Фаронса (сармураббии даста Диде Дешам) медалҳои нуқра супурда шуд. Фаронсавиҳо ду бор — солҳои 1984 ва 2000-ум — ба унвони чемпиони Аврупо мушарраф шуда буданд.
Дар Чемпионати Аврупо, ки аз соли 1960 доир мешавад, аз ҳама бештар ду дастаи мунтахаб – Олмон ва Испания – се маротибагӣ ғолиб шудаанд. Испания ягона дастаест, ки ду бор паиҳам чемпиони Аврупо гаштааст.

ЧемпионҳоиАврупо оид ба футбол

Сол  Қаҳрамон

1960  СССР

1964  Испания

1968  Италия

1972  Олмон

1976 Чехословакия

1980  Олмон

1984 Фаронса

1988  Ҳолланд

1992  Дания

1996 Олмон

2000 Фаронса

2004 Юнон

2008 Испания

2012 Испания

2016 Португалия

Июль 11, 2016 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд