Раҳим Санъат Асо: «Бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ иншоотҳои саноати кӯҳӣ ба маблағи беш аз 238 ҳазор ҷаримабандӣ карда шуданд»

Июль 16, 2016 12:43

Душанбе, 16.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти зиёда аз 20 корхонаи саноати куҳӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ  барои надоштани ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ боздошт карда шуд.
Ин нуқтаро зимни нишасти хабарӣ Раҳим Санъат Асо,  сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ зикр намуд.
Ба иттилои сардори хадамот, ҳамчунин ба фаъолияти 81 корхона ва иншоот барои наандешидани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирӣ ва сар назадани ҳодисаҳои нохуш  дар иншоотии истеҳсолии хатарнок супориш оид ба боздошти кор пешкаш гардид.
Аз ҷониби кормандони хадамоти мазкур барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ шахсони масъули корхонаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 238 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 баробар зиёд мебошад.
Бояд зикр кард, ки  дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ зиёда аз 2 ҳазор корхона ва  беш аз 12 ҳазору 600 иншооти зериназоратӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Тавре пештар иттилоъ дода будем, дар нимсолаи аввали соли равон  зимни анҷоми корҳои зеризаминӣ  дар иншоотҳо  20 ҳодисаи нохуш, ки дар натиҷа 14 нафар ҳалок  ва 14 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд,  ба қайд гирифта шудаанд.

Июль 16, 2016 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад