Раҳмонобод беҳтарин деҳаи ноҳияи Шуғнон эълон гардид
Хоруғ, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилоят мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои соҳиб шудан ба унвони беҳтарин шаҳр, ноҳия, деҳот, хона ва оила идома дорад.
Дар байни 13 деҳоти ноҳияи Шуғнон деҳаи Раҳмонобод мақоми аввал гирифт ва ҳуқуқи ширкат дар озмуни вилоятиро пайдо кард. Ба гуфтаи аъзои коммисияи ин озмун, деҳаи Раҳмонобод агарчӣ яке аз деҳаҳои навбунёди вилоят ба шумор равад, аммо инфрасохтори он комилан ҷавобгӯ ба талаботи низомномаи озмун мебошад. Биноҳои истиқоматӣ дар асоси меъёрҳои миллии меъморӣ бунёд шуда, гирду атрофи он гулу буттаҳо, дарахтони сояафкану мевадор шинонда шудааст. Қад -қади роҳи мошингузару пиёдагард низ сабзу хуррам гардонида шудаааст.
Раиси деҳаи мазкур Мамадиброҳим Иброҳимхонов изҳор кард: «Дар муддати як сол 2500 бех дарахтони ороишӣ ва 1000 бех дарахтони мевадиҳандаро шинондем ва ҳамарӯза вазъи нашъу намои ин ниҳолҳоро зери назорат гирифтаем. Дар ин деҳа тамоми намудҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла ду мағоза, кӯдакистону мактаби тахсилоти миёна, маркази саломатӣ, ҳаммом ва фурудгоҳ барои чархбол вуҷуд доранд. Бо мақсади ҷалби занону духтарон ба кори доимӣ дар деҳа маркази омӯзиши ҳунарҳои бофандгию дӯзандагӣ ва қаннодӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он наздики 50 нафар бонувон таҳсил мекунанд».
Ёдовар мешавем, ки 16 июли соли гузашта бар асари офати табиӣ ҷорӣ шудани сел 80 оилаи деҳаи Барсем аз хонаҳои худ маҳрум шуданд. Бо дастури Сарвари давлат барои ин хонаводаҳо дар дашти Питоби ҷамоати Сучон дар фурсати хеле кӯтоҳ шаҳрчаи замонавӣ бунёд гардид ва бо дархости сокинони зарардида ба ин шаҳрча номи Раҳмонобод гузошта шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






