Раҳмонобод беҳтарин деҳаи ноҳияи Шуғнон эълон гардид

Июль 26, 2016 09:12

Хоруғ, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилоят мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои соҳиб шудан ба унвони беҳтарин шаҳр, ноҳия, деҳот, хона ва оила  идома дорад.
Дар байни 13 деҳоти ноҳияи Шуғнон деҳаи Раҳмонобод мақоми аввал гирифт ва ҳуқуқи ширкат дар озмуни вилоятиро пайдо кард. Ба гуфтаи аъзои коммисияи ин озмун, деҳаи Раҳмонобод агарчӣ яке аз деҳаҳои навбунёди вилоят ба шумор равад, аммо инфрасохтори он  комилан ҷавобгӯ ба талаботи низомномаи озмун мебошад. Биноҳои истиқоматӣ дар асоси меъёрҳои миллии меъморӣ бунёд шуда, гирду атрофи он гулу буттаҳо, дарахтони сояафкану мевадор шинонда шудааст. Қад -қади роҳи мошингузару пиёдагард низ сабзу хуррам гардонида шудаааст.
Раиси деҳаи мазкур Мамадиброҳим Иброҳимхонов изҳор кард: «Дар муддати як сол 2500 бех дарахтони ороишӣ ва 1000 бех дарахтони мевадиҳандаро шинондем ва ҳамарӯза вазъи нашъу намои ин ниҳолҳоро зери назорат гирифтаем. Дар ин деҳа тамоми намудҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла ду мағоза, кӯдакистону мактаби тахсилоти миёна, маркази саломатӣ, ҳаммом ва фурудгоҳ барои чархбол вуҷуд доранд. Бо мақсади ҷалби занону духтарон ба кори доимӣ дар деҳа маркази омӯзиши ҳунарҳои бофандгию дӯзандагӣ ва қаннодӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он наздики 50 нафар бонувон таҳсил мекунанд».
Ёдовар мешавем, ки 16 июли соли гузашта бар асари офати табиӣ ҷорӣ шудани сел 80 оилаи деҳаи Барсем аз хонаҳои худ маҳрум шуданд. Бо дастури Сарвари давлат барои ин хонаводаҳо дар дашти Питоби ҷамоати Сучон дар фурсати хеле кӯтоҳ шаҳрчаи замонавӣ бунёд гардид ва бо дархости сокинони зарардида ба ин шаҳрча номи Раҳмонобод гузошта шуд.

Июль 26, 2016 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад