Рафтори 9 нафар судяҳо шаъну эътибори судяро паст мезанад

Июль 18, 2016 16:00

Душанбе, 18.07.16. /АМИТ «Ховар»/. «Барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолити корӣ амали 40 нафар судяҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда, бинобар содир намудани рафторе, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад , нисбат ба 9 нафари онҳо муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шудааст»,-гуфт раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти  хабарӣ дар ҳузури хабарнигорони ватаниву хориҷӣ.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон судҳои ҷумҳурӣ 74 ҳазору 270 парвандаҳои гуногунро баррасӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 729 адад зиёд мебошад.
Оид ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба судҳо 301 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуда, нисбат ба 292 нафар ба маблағи 880 ҳазору 40 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.

Июль 18, 2016 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе