«Роҳи Ваҳдат — 2016»: Роҳпаймоии ҷавонон ба ВМКБ

Июль 4, 2016 12:09

Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар». /. Бо ташаббус ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» таҳти шиори роҳпаймоии ҷавонон «Роҳи Ваҳдат — 2016» ба сӯи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шурӯъ гардид.
Зимни роҳпаймоӣ як зумраи ҷавонони фаъоли кишвар ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ расиданд. Онҳоро мардуми меҳмоннавози ноҳияи Рӯшон самимона истиқбол гирифтанд.
Ҷавонони рӯшонӣ ҳангоми суҳбат бо ҳамсолони хеш аз сулҳу ваҳдат, ободии диёр ва пешравию тараққиёти мамлакат сухан ронда, аз он шукргузорӣ менамуданд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон имрӯзҳо тамоми ҷавонони хушбахти даврон, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар имконияти омӯхтани илму техника, фарҳангу тамаддун ва забонҳои давлатҳои мутараққии ҷаҳонро доранд.
Пас аз мулоқот бо сокинону ҷавонони ноҳияи Рӯшон гурӯҳи роҳпаймоён роҳ ҷониби ноҳияи Ишкошим пеш гирифтанд.
Ҳангоми сӯҳбат аъзои фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг», донишҷӯи соли 4-уми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аслиддин Хушвахтов иброз дошт, ки ҷавонони фаъоли гурӯҳи Пешоҳанг дар ҳамкорӣ бо «Созандагони Ватан» иқдомеро пеша кардаанд, ки он танҳо барои ободии Ватани азиз, созандагию бунёдкорӣ ва осоиштагию амнияти кишвар, ҳамчунин дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ равона карда шудааст.
Гурӯҳи ҷавонон таҳти унвони роҳпаймоии ҷавонони «Роҳи Ваҳдат — 2016» 2 июл  вориди шаҳри Хоруғ гардиданд.

Июль 4, 2016 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!